Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чоруним сол ҳукми зиндон Мансура Беҳкеш


Мансура Беҳкеш, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Эрон бо ҷурми иқдом алайҳи амнияти миллӣ тавассути таъсиси ҷунбиши “Модарони азодор” ва “таблиғ алайҳи низом” ба 4,5 соли зиндон маҳкум шуд. “Модарони азодор” як гурӯҳи занони эронист, ки фарзандонашон дар ошӯбҳои пасоинтихоботии соли 2009 кушта, зиндонӣ ё бенишон шудаанд. Мансура Беҳкеш гуфт, бозбинии ҳукмашро тақозо хоҳад кард. Як созмони ҳомии фаъолони ҳуқуқи башар дар Порис хостори хатми билофосила ва беқайдушарти “табъизи додгоҳӣ”-и Беҳкеш шудааст.
XS
SM
MD
LG