Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров Қирғизистонро "шарики мӯътамад" номид


Лавров дар ҳузури Отамбоев

Лавров дар ҳузури Отамбоев

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дирӯз дар Бишкек дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҳамтои қирғизаш Руслан Қазоқбоев Қирғизистонро “ҳамкор ва шарики мӯътамад”-и кишвараш номид. Қазоқбоев гуфт, Бишкек дар мавриди кумак ба ин кишвари фақири мувоҷеҳ ба буҳрони энержӣ рӯи “сармоягузорони Русия ҳисоб мекунад.”
Дар ин сафар намояндагони ширкатҳои русии Интер РАО ЕЭС, РусГидро ва Газпром низ масоили марбут ба ширкати Русия дар тарҳҳои энержии Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG