Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Тоҷӣ: То ҳол ба сербҳои Косово дурӯғ мегӯянд


Сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ гуфт, Сербистон ба сербҳои шимоли Косово дар бораи имкони таҷзияи онҳо то ҳол дурӯғ мегӯяд. Тоҷӣ дар Вошингтон гуфт, сербҳо ба сармоягузорӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ ниёз доранд, на ба “паёмҳои кӯҳнае, ки онҳоро гаравгон нигоҳ медорад.” Косово 4 сол пеш эълони истиқлол аз Сербистон кард. То имрӯз 82 кишвар Косоворо ба расмият шинохтаанд. Ҳошим Тоҷӣ гуфт, Брюссел ба хотири эътирофи Косово аз сӯи 5 узви боқимондаи ИА – Юнон, Қибрис, Словакия, Руминия ва Испания- бояд иқдоми бештар кунад.
XS
SM
MD
LG