Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Бут ба 25 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Ню-Йорк тоҷири маъруфи силоҳ Виктор Бутро, ки зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст, ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ бо ҷурми қасди фурӯши мушакҳо ба террористон ба 25 сол ва барои ҳар кадом аз 3 иттиҳоми дигар – талоши куштани маъмурон ва атбоъи Амрико ва кумак ба созмони террористӣ – 15-солӣ ҳукм гирифт. Аммо ҳукми ниҳоии Бут дар маҷмӯъ 25 солро ташкил хоҳад дод. Вакили ӯ Алберт Даян ҳукми додгоҳро “ғайриқонунӣ” ва “интиқомҷӯёна” номида, гуфт, аз он шикоят хоҳад бурд. Виктор Бут худро бегуноҳ медонад ва ҳангоми тарки додгоҳ аз “Варяг”- таронаи маъруфи артиши Шӯравӣ мисраъеро ба ин мазмун хонд, ки “ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG