Пайвандҳои дастрасӣ

Дахолати вакили Думаи Русия ба қазияи Ҷӯраев


Вакили Думаи давлатии Русия Дмитрий Гудков дар як дархости расмӣ аз додситони кулл Юрий Чайка хостааст, то ба таҳқиқи фарогири қазияи ғайб задани соҳибкори фирории тоҷик Низомхон Ҷӯраев амр диҳад. Низомхон Ҷӯраев дар Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда, баъди якуним соли баррасии парвандаи истирдодаш дар поёни моҳи март раҳо ёфт, вале аз рӯзи 29 март бенишон шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ бим доранд, ки ӯро мисли раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров рабуда, ба Душанбе бурдаанд. Дар Душанбе инро радд мекунанд. Низомхон Ҷӯраев дар ватанаш ба ҷиноёте, чун сирқати молу пул ва куштор айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG