Пайвандҳои дастрасӣ

Иштибоҳи ду тоҷик баъди ёфтани хазина


Ду муҳоҷири тоҷике, ки ҳангоми тармими кохи қадимаи марбут ба хонаводаҳои Наришкинҳо дар Санкт-Петербург як хазинаи бузурги ашёи нуқрагини таърихиро пайдо карданд, дигар ҳаққи даъвои то 50 фоизи арзиши ин хазинаро надоранд. Юрий Новолодский, раҳбари коллегияи адвокатҳои Балтика гуфт, ин ду тоҷик ба сирқати як қисми ин хазина айбдор мешаванд, ки онҳоро аз ҳаққашон ба як қисми осори ёфташуда маҳрум мекунад.
Ду муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми талоши дуздидани як бахши хазина боздошт шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо мехостанд ашёи таърихиро партов вонамуд карда, дар ду халта берун баранд. Худи хазина рӯзи 27 март ёфт шуд.
XS
SM
MD
LG