Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Черёмушкии шаҳри Маскав мудири бозори Качалово Владимир Ликов ва иҷорагири амбори оташгирифта дар ин бозор Седрак Степаниёнро то 6 июн ба ҳабс гирифт. Рӯзи сешанбе бар асари сӯхтор дар амбори марбут ба Степаниён дар ин бозор 17 муҳоҷири корӣ, ағлаб аз тоҷикони вилояти Сурхондарёи Узбакистон, кушта шуданд. Шаҳрвандони тоҷик низ дар ин амбор зиндагӣ мекарданд, вале ба гуфтаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, касе аз онҳо осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG