Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният хостори хуруҷи нерӯҳо аз шаҳрҳои Сурия шуд


Шӯрои Амнияти СММ рӯзи панҷшанбе бо пазируфтани як изҳорот аз мақомоти Сурия даъват намуд, ки то 10 апрел низомиёнро аз ҳама шаҳрҳои кишвар берун кунанд ва оташбасро риоя намоянд.

Аз ин пеш Димишқ тарҳи тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннонро пазируфта буд, ки он, аз ҷумла, берун кашидани нерӯҳо аз шаҳрҳои бузург ва риояи оташбасро дарбар мегирад.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар шаҳри Дума, воқеъ дар канори Димишқ, миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони мухолифин, ки истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб доранд, даргириҳои нав ба вуқӯъ пайвастанд. Ба иттилои созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Лондон мустақар аст, субҳи рӯзи панҷшанбе низомиён бо истифода аз зиреҳпӯшҳо ба Дума ҳамла карданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳарчанд Башор Асад бо шартҳои тарҳи Кофӣ Аннон розӣ шудааст, аз оғози ҳафта бар асари идомаи хушунатҳо дар Сурия дасти кам 170 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG