Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушии як мӯйсафеди юнонӣ дар майдони Синтагмаи Афина бенизомиҳои навро дар пойтахти Юнон барангехт ва боиси бархӯрди эътирозгарон ва полис шуд.

Рӯзи чоршанбе як марди 77 сола дар ин майдон худро бо силоҳи оташфишон ба ҳалокат расонд. Расонаҳои маҳаллӣ гузориш медиҳанд, ки ин мард ба нишони эътироз алайҳи барномаи коҳиши хароҷоти буҷа аз сӯи ҳукумати Юнон худкушӣ кардааст.

Ба думболи ин ҳодиса дар рӯ ба рӯи парлумони Юнон тақрибан 1500 эътирозгар ҷамъ омада сӯи полис сангу шишаҳои саршор аз маводи сӯхтро партоб карданд. Дар ҷавоб кормандони полис аз гаши ашковар истифода бурданд.

Ҳукумати Юнон бо хотири раҳоии кишвар аз варшикастагии молӣ барномаи сарфакории шадидро раҳандозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG