Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Шодмон” аз сабқати лигаи олӣ даст кашид


Бозии дастаи "Шодмон" бо "Истиқлол" (Акс аз бойгонӣ)

Бозии дастаи "Шодмон" бо "Истиқлол" (Акс аз бойгонӣ)

Бозиҳои даври аввали мусобиқаи 21-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 7-уму 8-уми апрел баргузор мешаванд.

Ба иттилои Федеросиюни футболи Тоҷикистон дастаи “Шодмон”-и Ҳисор ба иллати мушкилоти молӣ аз ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ даст кашид ва дар лигаи якум ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ба ин тартиб имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ 13 даста барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқа талош мекунад. Бозиҳои даври аввал рӯзҳои истироҳат дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринаву Бобоҷон Ғафуров баргузор мешаванд.

Даври 1-ум
7-уми апрел (шанбе)


1. «Хайр» (Ваҳдат) - «Истаравшан» (Истаравшан). Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат.
2. «Энергетик» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд). Варзишгоҳи ноҳияи Шаҳринав.

8-уми апрел (якшанбе)

4. «Истиқлол» (Душанбе) - «Ҳосилот» (Фархор). Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода.
5. «Равшан» (Кӯлоб) - «Зарафшон» (Панҷакент). Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб.
6. «Гвардия» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода). Варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и Душанбе.
7. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Оғози бозиҳо – соати 16.00

Эзоҳ: Дастаи ССКА "Помир"-и Душанбе аз бозии даври аввал озод аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG