Пайвандҳои дастрасӣ

Латукӯби хабарнигори маъруф дар вилояти Маскав


Елена Милашина

Елена Милашина

Дар вилояти Маскав Елена Милашина, ҳомии ҳуқуқи башар ва хабарнигори нашрияи “Новая газета” мавриди латукӯби шадиди афроди ношинос қарор гирифт.

Хабаргузориҳо бо такя ба саҳифаи хабарнигор дар шабакаи Facebook навиштаанд, ки ин афрод қарибиҳои нимашаб ба хабарнигору дугонааш ҳамла карда, бо мушту лагад ба сару рӯяшон заданд ва дандонҳояшонро шикастанд. Кормандони полисе, ки ба ҷойи ҳодиса расиданд, ба онҳо ягон кӯмак накарданд.

Елена Милашина дар "Новая газета" бештар дар бораи ба таври асроромез ғайб задани одамон ва шиканҷаи боздоштшудагон дар Қафқози шимолӣ ва қонуншиканиҳо аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ матолиб нашр мекунад. Ӯ барандаи ҷоизаи созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG