Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Тимошенко аз бистар хеста наметавонад


Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко

Созмони амрикоии Freedom House дар бораи вазъи сиҳҳати Юлия Тимошенко изҳори нигаронии ҷиддӣ кард.

Намояндаи ин созмон Деймон Вилсон гуфт, сарвазири пешини Украина ҳатто ба нишастану хестан қодир нест ва дар тамоми тӯли боздиди ҳайати Freedom House аз зиндони Качанивска дар вилояти Харков рӯи кат мехобид.

Ҷаноби Вилсон дирӯз (4-уми апрел) дар пайи аёдати Тимошенко ба хабарнигорон гуфт: "Мо хеле нигарони вазъи сиҳҳати ӯ ва ҳам табобати ӯ ҳастем. Мо ӯро дидем. Ӯ нишаста наметавонист, хеста ҳам наметавонист ва дар тамоми тӯли сӯҳбати мо рӯи рахти хобаш мехобид. Нигаронии мо дар бораи вазъи сиҳҳати ӯ ҳамчунон боқист ва пеш аз ҳама, табобат барои вай як масъалаи хеле муҳим мебошад.”

Раҳбари мухолифини Украина дар зиндон ба иллати дарди сутунмӯҳра аз по уфтод ва ба гуфтаи пайвандонаш, аз бистар хеста наметавонад. Деймон Вилсон гуфт, Юлия Тимошенко аз ҷониби табибони маҳбас ба таври кофӣ табобат намешавад. Ӯ афзуд, рӯҳияи Тимошенко ҳамоно қавист, вале баданаш - заиф. "Ӯ аз ин боздид хеле хуш шуд, аз таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масоили демократия дар Украина, аз ҷумла дар мавриди қазияи ӯ хеле хуш шуд. Ӯ аз вазъи сиҳҳату табобаташ изҳори нигаронӣ кард ва паёме ба мо расонд, ки ба аҳамияти баргузории интихоботи озоду одилона дар тирамоҳи соли ҷорӣ таъкид мекунад”,-илова кард Деймон Вилсон.

Юлия Тимошенко, аз раҳбарони “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004 ва рақиби аслии раисиҷумҳури кунунии Украина Виктор Янукович дар интихоботи соли 2010, дар моҳи октябри соли гузашта ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар сӯъистифода аз мақом ба ҳангоми имзои қарордоди газ бо Русия дар соли 2009 муҷрим шинохт ва ба пардохти тақрибан 190 миллион доллар хисороти аз ин муомила расида ба ширкати “Нафтогаз” низ муваззаф кард.

Аммо тарафдорони ӯ таъқиби Тимошенкоро интиқоми сиёсии ҳокимони кунунӣ ва худи ӯро маҳбуси сиёсӣ медонанд.
Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ мегӯянд, иттиҳомоти алайҳи ин раҳбари мухолифини Украина зоҳиран ангезаҳои сиёсӣ дорад ва парвандаи ӯ мунсифона муҳокима нашудааст. Иттиҳодияи Аврупо хостори таъмини табобати Тимошенкои мариз дар берун аз зиндон шудааст.

Мақомоти Украина ба ӯ табобат дар як бемористони ширкати роҳи оҳан дар шаҳри Харковро пешниҳод кардаанд. Аммо Тимошенко ин пешниҳодро ҳанӯз напазируфтааст ва ба гуфтаи Серҳий Власенко, яке аз муовинонаш дар эътилофи Юлия Тимошенко, ҳамчунон ба ташхиси вазъи сиҳҳаташ аз сӯи табибони Олмон пойфишорӣ мекунад. Вакилони Тимошенко мегӯянд, ӯ ба иллати дарди сутунмӯҳра ба табобат дар бемористони махсус ниёз дорад, вале бемористони ширкати роҳи оҳан дар Харков махсуси амрози сутунмӯҳра нест.
XS
SM
MD
LG