Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати додгоҳи Ҳейг ба истирдоди писари Қаззофӣ


Сайфулислом баъди боздошташ дар моҳи ноябр

Сайфулислом баъди боздошташ дар моҳи ноябр

Додгоҳи байналмилалии Ҳейг аз мақомоти Либия истирдоди Сайфулислом – писари диктатори собиқ Муаммар Қаззофиро тақозо кард. Ҳукми хаттии додгоҳ аз ҳокимони кунунии Либия даъват мекунад, «дар амри супурдани Сайфулислом бидуни таъхир амал кунанд.» Мақомоти Либия исрор доранд, ки писари Қаззофӣ дар Либия муҳокима шавад. Ӯ моҳи ноябр дар ҷануби Либия дастгир шуда буд. Троблус мегӯяд, додгоҳи Сайфулислом ба зудӣ оғоз хоҳад ёфт. Додгоҳи Ҳейг Муаммар ва Сайфулислом Қаззофӣ ва ҳам вазири амнияти вақт Абдуллоҳ Занусиро таҳти пайгард қарор дода буд. Қаззофӣ дар Либия кушта шуд. Занусиро моҳе пеш дар Мавритания дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG