Пайвандҳои дастрасӣ

Тариқ Ҳошимӣ аз Қатар ба Саудӣ рафтааст


Тариқ Ҳошимӣ

Тариқ Ҳошимӣ

Ноиби раисиҷумҳури Ироқ, ки мақомоти Бағдод дар пайгард қарораш додаанд, баъди боздиди чоррӯза тарки Қатар кардааст. Хабаргузории давлатии Қатар гуфт, Тариқ Ҳошимӣ рӯзи чоршанбе аз ин кишвар рафт. Як мақоми Саудӣ гуфтааст, ки ӯ вориди Арабистони саудӣ шудааст. Ҳошимӣ, ки намояндаи сунниҳост ва аз моҳи декабр дар Курдистони Ироқ паноҳ мебурд, рӯзи якшанбе бо як сафари расмӣ ба Доҳа омад. Давлати Ироқ, ки Ҳошимиро ба терроризм айбдор мекунад, истирдоди ӯро аз Қатар хост, ки амирони суннии Қатар радд карданд.
XS
SM
MD
LG