Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ ба қатъи эъдомҳо дар Ироқ


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз Ироқ хост, эъдомҳоро қатъ кунад. Ӯ дар гузоришаш аз “идома ва афзоиши мавориди иҷрои ҳукми қатл” дар Ироқ изҳори нигаронӣ кардааст. Бино ба ин санад, танҳо дар 11 моҳи соли 2011 дар Ироқ 68 нафар ва аз декабр то феврали соли ҷорӣ 80 тани дигар эъдом шудаанд. Аксари онҳо ба терроризм айбдор мешуданд. Бан Ки Мун хостори эълони мораторий ба иҷрои ҳукми қатл дар Ироқ шуд.
XS
SM
MD
LG