Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" - баранди Ҷоми олии футболи Тоҷикистон


Қаҳрамони кунунии футболи Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе дар рақобат барои Ҷоми олии футболи Тоҷикистон бар барандаи Ҷоми порсола «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин бозӣ рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат доир шуд. Мураббии «Регар-ТадАЗ» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев баъди бозӣ доваронро айбдор кард, ки аз «Истиқлол» ҳимоят мекарданд. «Истиқлол»-ро 4 сол пеш Рустами Эмомалӣ – писари раисиҷумҳури Тоҷикистон ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG