Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Виктор Бут имрӯз эълон хоҳад шуд


Имрӯз, 5 апрел, дар Остона – пойтахти Қазоқистон – нишасти фармондеҳони ситодҳои артишҳои кишварҳои ҳамсӯд ва Паймони Амнияти дастаҷамъӣ дар доир мешавад. Имрӯз раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев бо як сафари дурӯза вориди Ҷумҳурии Чех хоҳад шуд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар идомаи силсиласафараш ба кишварҳои пасошӯравӣ аз Қирғизистон ба Қазоқистон меравад. Имрӯз дар Бағдод анҷумани миллии Ироқ доир мешавад. Қарор аст, имрӯз дар Ню-Йорк ҳукми тоҷири маъруфи силоҳ Виктор Бут, ки зодаи Тоҷикистон аст, эълон шавад. Ва 5 апрели соли 1896 дар Афина нахустин Бозиҳои олимпӣ оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG