Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Сиҳҳатии Юлия Тимошенко нигаронкунанда аст


Ҳайати созмони амрикоии мудофеи демократия Хонаи Озодӣ (Freedom House), аз 90 дақиқае, ки онҳо дар қаламрави зиндони занонаи шаҳри Харкови Украина қарор доштанд, дар давоми 60 дақиқа имкон доштанд бо нахуствазири собиқи ин кишвар Юлия Тимошенко дидору гуфтугӯ кунанд. Дар ин бора дар сӯҳбат бо мо хабарнигори Озодӣ дар Харков Владимир Носков чанд лаҳза баъди сӯҳбати ҳайат бо хабарнигорон дар беруни зиндон гузориш дод. Ба гуфтаи ин хабарнигор, дар оғоз маъмурияти зиндони занонаи рақами 54 ба онҳо шароити зиндон, кору фаъолияти маҳбусонро намоиш дода, баъдан ба утоқи нигаҳдории Тимошенко гусел кардааст. Онҳо имкон доштанд бидуни ҳузури маъмурони зиндон бо сиёсатмадори маъруф ҳамсӯҳбат шаванд, мегӯяд хабарнигори Озодӣ:

- Онҳо дар робита бо вазъи саломатии Юлия Тимошенко изҳори нигаронӣ карданд, ки меҳмонҳои амрикоиро дар ҳолате қабул кардааст, ки натавонистааст аз бистари беморӣ баланд шавад. Вай гуфтааст, ки аз хадамоти тиббии зиндон розӣ нест.


Юлия Тимошенко ва ҳам гурӯҳи мутахассисони тиббии вазорати беҳдошти Украина мегӯянд, ки нахуствазири собиқ аз дарди миён азият мешавад ва ба ӯ иҷозат шудааст, ки дар дохили зиндон бо кӯмаки асои махсус гаштугузор кунад.


- Мавзӯи дигари сӯҳбати онҳо дар атрофи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ будааст. Тимошенко, раҳбари ҳизби сиёсии Батковшина гуфтааст, ки мехоҳад дар кишвараш интихоботи озоду одилона баргузор шавад. Бояд гуфт, ки ҳайати созмони Хонаи Озодӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон таъкид кард, ки ҳадафи онҳо на танҳо дидор бо Юлия Тимошенко буд, балки баҳогузорӣ ба вазъи куллии низоми додгустарӣ ва сохторҳои дигари Украина аз нигоҳи риояи муқаррароти демократӣ мебошад. Онҳо гуфтанд, ки аз интихобӣ будани низоми додгустариву муҷозот и афрод дар ин кишвар нигарон ҳастанд.

Хабарнигори Озодӣ дар шаҳри Харков таъкид кард, ки сӯҳбати ҳайати амрикоӣ бо журналистон панҷ дақиқа давом кард ва бисёр саволҳои онҳо беҷавоб монд. Вале аз рӯи иттилои манобеи дигар, аз ҷумла, вакили дифои Тимошенко - Сергей Власенко ва духтараш Евгения, рӯҳияи сиёсатмадоре, ки ду соли пеш метавонист курсии раёсатҷумҳуриро дар рақобат бо Виктор Янукович бубарад, шикаста нашудааст. Вай пӯшидани либоси махсуси зиндониро рад карда, кокулашро тибқи маъмул гирди сараш оро медиҳад ва дар корҳои маҷбурии зиндон ширкат намекунад. Як сабабаш дар саломатии бадаш бошад, сабаби дигар дар он аст, ки фурсати ахир вай ба омӯзиши парвандаҳои нави ҷиноии алайҳи худ машғул аст.
Соли гузашта Юлияи Тимошенко барои берун рафтан аз салоҳияти хизматӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд, вале ӯ ҳеҷ гоҳ дар гунаҳгор будани худ иқрор нашудааст.
Айни замон, рӯзи чоршанбе ба хабарнигорон дар Харков утоқи эҳтимолии шифохонаро намоиш доданд, ки дар он барои муолиҷа Юлия Тимошенко ҷо дода мешавад. Ин утоқ дар ошёнаи нӯҳуми яке аз дармонгоҳҳои ин шаҳр воқеъ буда, тоза таъмир ва шишаҳояш панҷаракорӣ шудааст. Вале ҳанӯз маълум нест, ки оё сиёсатмадори зиндониро барои муолиҷа ин ҷо ва ё ба Олмон мефиристанд, чун ҳанӯз мақомоти беҳдошт ва додгустарии Украина дар ин замина изҳори назар накардаанд.
XS
SM
MD
LG