Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаҳои шикоятӣ ва муроҷиатҳои беимзои шаҳрвандон аз тарафи мақомоти давлатӣ бидуни баррасӣ ва посух хоҳад монд.

Муқаррароти ҷадид рӯзи чаҳоршанбеи чаҳоруми апрел аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ворид карда шуд. Бар асоси тағйироти ворида ба ин қонун, ҳамакнун шаҳрвандон барои ироаи ариза ва муроҷиатҳои таҳқиромез ба ҷазо кашида мешаванд.

Ариза ва шикоёти бидуни имзои шаҳрвандон дар Тоҷикистон минбаъд таҳқиқ ва расидагӣ намешавад. Афзун бар ин шаҳрвандоне, ки зимни ирсоли муроҷиат ба ниҳодҳо аз алфози таҳқиромез ва тӯҳматангез истифода мекунанд, ба ҷазо кашида хоҳанд шуд.

Галия Рабиева

Галия Рабиева

Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар МНТ гуфт, ҳамчунин минбаъд мақомоти давлатӣ ба муроҷиати шаҳрвандон танҳо бо ду забон:- давлатӣ ва русӣ, ки ба унвони забони муоширати байнимиллатҳо пазируфта шудааст, посух хоҳанд дод.

Галия Рабиева, зарурати ҳатмӣ будани имзо дар номаи шикоятиро ба мавориде марбут донист, ки муаллифони шикоятҳо дар ҷараёни расидагӣ аз он даст кашида ва ҳатто инкор кардаанд, ки нома ба онҳо тааллуқ дорад: «Бояд қайд кард, ки дар таҷрибаи корӣ борҳо мушоҳида шудааст, ки муроҷиатҳои беимзо ҳақиқати воқеӣ надошта ҳангоми санҷиш муаллифони онҳо номаълум мемонанд. Ҳамзамон тибқи ин ислоҳот, муроҷиатҳои беном мавриди баррасӣ қарор намегиранд. Аз ин рӯ талаботи гузоштани имзо ба муроҷиатҳо ба мақсад мувофиқ аст.»

Аммо Анвар, нафар як ронандае, ки борҳо бидуни имзо ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз муносибати нодурусти бархе аз кормандони Бозрасии давлатӣ, номаи шикоятӣ навиштааст мегӯяд баъди чунин тағйирот наметавонад шикоят кунад, чун имкон дорад ӯро ба додгоҳ кашанд: «Ба вазорати умури дохила ва ҳатто ба сайти президент чанд бор аз болои кормандони БДА шикоят навиштам ва ному насабамаро ҳам зикр кардам, вале имзо нагузошта будам. Чун имкон дорад болои мо даъво кунанд. Вале мутаассифона агар ин қонун қабул шавад, мо дигар навишта наметавонем.»

Ислоҳоти мазкур дар ҳоле ба қонун ворид карда мешавад, ки бархе аз коршиносон низ қабули онро нозарур ва заминае барои эҷоди фосилаи бештар миёни масъулин ва ҷомеа арзёбӣ мекунанд.

Музаффар Олимов, мудири марказии таҳлилии мавсум ба «Шарқ» мегӯяд, тарзи пешниҳоди шикоят ва аризаи бидуни имзо дар хеле аз кишварҳо маъмулист, чун шояд афрод ба мулоҳизоти мухталиф, аз ҷумла амниятӣ ва ё ба хотири таҳти таъқиб қарор нагирифтан ба ин тарзи муроҷиат рӯ оваранд. Аз ин ҷиҳат бидуни расидагӣ боқӣ гузоштани чунин шикоёт ба афзоиши қонуншиканиҳо боис мешавад: «Дар бисёре аз ҷойҳо ҳатто ҳамин тавр аст, ки тавассути телефон ва ё ба шакли хаттӣ ҳам бошад «анонимний», яъне беном маълумот мерасаду аз паси он мақомоти дахлдор ба таҳқиқ шурӯъ мекунанд. Агар хабар ва маълумоти расида таҳқиқ нашавад, ба фикрам бар зарари ҷомеа ва худи мақомот меанҷомад.»

Зимнан раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои пеш аз мақомот борҳо даъват карда буд, ки шикояти мардумро агар бидуни имзо ҳам бошад, расидагӣ кунанд. Аммо Галия Рабиева- муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар МНТ гуфт, чунин дастурҳо вобаста ба шароити ҳамон вақт буд, вале ҳоло шароит иваз шудааст ва зарурат барои баррасии шикоёти беимзо боқӣ намондааст.

Вале мушкилоти бидуни расидагӣ боқӣ мондани арзу шикояти шарҳрвандон аз сӯи мақомот дар ҳоли ҳозир яке аз мавзӯъи асосии расонаҳои чопии Тоҷикистон аст.

Хуршеди Атовулло

Хуршеди Атовулло

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» мегӯяд, шаҳрвандоне, ки ба шикояти худ дар маҳалҳо посухи мусбат дарёфт намекунанд ва ё масъулин ба онҳо ҷавоб намедиҳанд, мехоҳанд аз тариқи нашрияҳо ба мақомоти болоӣ арзи худро бирасонанд: «Мехоҳанд ба мақомоти болоӣ тавассути рӯзнома аз будани чунин камбудиҳо дарак диҳанд, ба он хотир ки баъзе аз онҳо бовар надоранд, ки шикояти онҳо бе истифода аз минбари рӯзнома ба раҳбарон расад. Яъне, ки ин мардум чун дар маҳаллу шаҳру ноҳияи худ дигар ба ҳалли қазияҳои худ бовар надоранд, мехоҳанд аз тариқи рӯзнома ба мақомоти болоӣ бирасонанд.»

Бо ин ҳол Галия Рабиева - муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар МНТ гуфт, ки дар соли гузашта беш аз 2000 номаҳои шикоятии шаҳрвандон ба парлумон ворид шудааст. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир талош доранд, ки ба воситаи сафҳаи интернетии парлумон, сӯҳбати онлайнии шаҳрвандон бо вакилонро ташкил кунанд то ба ин васила расидагӣ ба шикояти мардум осонтар шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG