Пайвандҳои дастрасӣ

Митрополит Викентий бо шаҳрдори Душанбе мулоқот намуд


Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо метрополит Викентий, сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии метрополити Калисои православии рус мулоқот намуд.

Ин мулоқот бо дархости метрополит сурат гирифтааст. Митрополит Викентий ахиран ба унвони садорати метрополити Калисои православии рус дар Душанбе ва Тоҷикистон низ ҳамзамон таъйин шудааст.

Шавкат Саидов, котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоев метрополитро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа шодбош гуфта, изҳори умед кард, ки фаъолияти ӯ дар ин мақом ба таҳкими ҳамзистии пайравони насронӣ ва эътиқодмандони адёни дигари сокини Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Митрополит Викентий гуфтааст, ки тамоми имконоташро барои тақвияти фарҳанги ҳамзистии мусолиматомези пайравони дини насронӣ бо соири динҳо равона хоҳад кард.

Юрий Попов, сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон низ дар ин мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо митрополит Викетний ҳузур доштааст.
XS
SM
MD
LG