Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши наздики амрикоиҳову афғонҳо дар бозбинии муқаррароти рейдҳои шабона


Тибқи баъзе хабарҳо, ИМА ва Афғонистон дар заминаи тағйири муқаррароти рейдҳои шабона дар хоки Афғонистон низдиканд созишномае ба имзо расонанд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон нақши раҳбарикунандаро дошта риояи қонунро назорат хоҳанд кард. Мақомот гуфтанд, ки шояд ҳафтаи ҷорӣ созиши мазкур ниҳоӣ шавад. Вале бар тибқи гузориши оҷонсии Ассошейтед Пресс, дар масъалаи мӯҳлати боздошти нафарони дастгиршуда ҳанӯз тавофуқе ҳосил нашудааст. Мавзӯи рейдҳои шабона, ки мояи интиқоду нафрати афғонҳо аст, аз ҷониби амрикоиҳо чун шеваи муассир арзёбӣ мешавад. Созиши мазкур роҳро барои созишномаи ҳамкориҳои стратегии миёни ду кишвар баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳо дар соли 2014 боз мекунад.
XS
SM
MD
LG