Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими ифтитоҳи сафорати Қатар дар Кобул


Вазорати хориҷаи Афғонистон мегӯяд, ки давлати Қатар дар Кобул сафорати худро бо нияти тавсеаи равобиташ ва доштани нақши бештар дар ҷараёни сулҳи Афғонистон ифтитоҳ мекунад. Ин хабар баъди он пахш шуд, ки вазири хориҷаи Афғонистон Залмай Расул рӯзи сешанбе дар Доҳа бо мақомоти баландпояи Қатар мулоқот орост. Вазири равобити байналмилал Холидмуҳаммад Ал-Аттия тасдиқ кард, ки Қатар ният дорад бо ҳама ҷонибҳои Афғонистон, яъне ҳукумат ва ҳам Толибон дар амри мусоидат ба тақвияти ҷараёни сулҳи ин кишвар вориди гуфтугӯ шавад. Доҳа ба Толибони Афғонистон иҷоза додааст, ки дафтари сиёсии худро дар хоки Қатар таъсис диҳанд. Вале моҳи март, дар паи кушта шудани 16 сокини мулкии Афғонистон аз ҷониби як сарбози амрикоӣ, Толибон аз идомаи музокирот бо амрикоиҳо даст кашиданд.
XS
SM
MD
LG