Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ликери нави сохти Қазоқистон калимаи “Оллоҳ” сабт шудааст


Як ширкати истеҳсолкунандаи арақ дар Қазоқистон ликери наверо ба фурӯш гузоштааст, ки рӯи он калимаи “Оллоҳ” навишта шудааст. Ин моли нави алкоҳолӣ зуд боиси хашму ғазаби аҳли дин шудааст. Матбуоти қазоқӣ мегӯяд, ки имомҳои шаҳри шимолушарқии Семей чунин кори ширкатро чун як амали нораво ва ғайримашрӯъ аз рӯи қавонини дине, ки аслан истеъмоли машруботро манъ мекунад, маҳкум кардаанд. Ликери нав бо нархи панҷ доллар барои ҳар шиша дар фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ пешниҳод шудааст.
XS
SM
MD
LG