Пайвандҳои дастрасӣ

Борис Тадич аз мақоми раиси ҷумҳурии Сербистон истеъфо дод


Раиси ҷумҳурии Сербистон Борис Тадич дар пешорӯи интихоботи наздик гуфт, ки ба истеъфо меравад. Тасмими мазкур 10 моҳ пеш аз анҷоми мӯҳлати расмии раёсатҷумҳурии Тадич ва дар остонаи интихоботи парлумониву президентии моҳи майи ин кишвар гирифта шуд. Тадич умедвор аст, ки дар интихоботи навбатӣ пирӯз мешавад. Иқдоми мазкур метавонад ба маъруфияти ҳизби демократи Тадич дар интихоботи парлумонии рӯзи 6 май раъйи бештар зам кунад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳизби ӯ бештар бар пояи маъруфияти раҳбараш дар миёни мардум маҳбубият касб кардааст.
XS
SM
MD
LG