Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Покистон ҷони ду раҳбари қабиларо гирифт


Дар як таркиши мошине дар минтақаи қабиланишини Хайбари Покистон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Радиои Машъал гузориш медиҳад, ки ду қурбонии ин ҳодиса раҳбарони маъруфи қабилаҳои маҳаллӣ будаанд. Бовар меравад, ки таркиши бомба бо истифода аз дастгоҳи аз дур идорашаванда рух додааст. Илова ба ин, ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG