Пайвандҳои дастрасӣ

"Эрон мехоҳад бо "шашгона" дар Ироқ гуфтугӯ кунад"


Вазорати хориҷаи Ироқ мегӯяд, ки Эрон пешниҳод кардааст, даври навбатии музокирот бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бар сари барномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ на дар Туркия, балки дар Ироқ баргузор шавад. Вазорат гуфт, ки ҳайати эронӣ рӯзи сешанбе зимни боздид аз Бағдод хости худро ироа кард. Рӯзи шанбе вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки музокироти рӯзи 13 ва 14 апрели барномаи ҳастаии Эрон дар Истамбул ҷараён мегирад. Ин нахустин мулоқоти тарафҳо баъди моҳи январи соли 2011 масдуд шудани гуфтугӯҳо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG