Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи додгоҳи раҳбарони кудатои соли 1980-и Туркия


Кенан Эврен

Кенан Эврен

Ду раҳбари кудатои низомии соли 1980-и Туркия имрӯз дар баробари додгоҳи Анкара қарор гирифтанд. Фармондеҳи собиқи ситоди кулл Кенан Эврен, ки баъдан президенти Туркия шуд ва фармондеҳи собиқи нирӯҳои ҳавоӣ Таҳсин Саҳинкая барои содир кардани ҷиноятҳои зиддидавлатӣ дар таърихи 12 сентябри соли 1980 барои сарнагунсозии ҳукумати дунявии ин кишвар айбдор мешаванд. Дар давоми се соли баъди табаддулоти давлатӣ, 50 нафар ба ҳукми марг маҳкум шуда, ним миллион нафар боздошт шуданд, садҳо нафар дар зиндонҳо ба ҳалокат расида бисёри дигарҳо гумном шуданд. Вале бо сабаби заъфи ҷисмонӣ Эврени 94-сола ва Саҳинкаяи 87-сола дар рӯзи ифтитоҳи кори додгоҳ ҳозир нашуданд. Тағйироти ахири сарқонуни Туркия тоза иҷозат дод, ки Эврени дорои масунияти пайгарди ҷиноӣ аз ин ҳақ маҳрум шуда дар додгоҳ ба ҷавогарӣ кашида шавад.
XS
SM
MD
LG