Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории маргталабона дар Форёби Афғонистон


Ду маргталаби номуваффақ, ки дар вилояти Кунори Афғонистон дастгир шудаанд(4.4.2012)
Ду маргталаби номуваффақ, ки дар вилояти Кунори Афғонистон дастгир шудаанд(4.4.2012)
Бар пояи гузоришҳо аз шимоли Афғонистон имрӯз дар натиҷаи як бомбгузории маргталабона камаш 10 нафар кушта ва чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ибтидо хабар расида буд, ки бар асари ин ҳамла сарбозони паймони НАТО ҳам захмӣ шудаанд, вале ин хабар тасдиқи худро наёфт. То ҳол маълум нест, ки кӣ ва ё чӣ ҳадафи бомбгузории вилояти Форёб будааст.
Сухангӯи нерӯҳои норвегии мустақар дар Афғонистон Ҷон Эспен Лиен ба хабарнигори Франс Пресс гуфтааст, ки ҳангоми бомбгузорӣ сарбозони ин кишвар дар ҳамон минтақа будаанд.
Ҷои ёдоварист, ки дар бахши асосии нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) дар вилояти Форёбро сарбозони норвегӣ ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG