Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Қонун дар бораи ангиштро қабул кард.

Ба иттиллои хабарнигори порлумонии Озодӣ, Гул Шералӣ, вазири саноат ва энержии Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки Тоҷикистон ба сурати кофӣ, барои таъмини ниёзҳои худ ва барои содирот, ангишт дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии манобеи ангишти Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард тонаро ташкил медиҳад. Оқои Гул афзуд, феълан 16 кони ангишти Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Соли гузшата Тоҷикистон 236 ҳазор тонна ангишт тавлид кардааст.

Вазири энержии Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули Қонуни ангиштро дар талаботи рӯзафзун ба манобеи энержӣ унвон кардааст. Тоҷикистон қасд дорад, ба ҷои гази Узбакистон ниёзи корхонаҳои муҳими саноатии худро бо тавлиди газ аз ангишт бароварда кунад.

Ҳоло Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон комилан қатъ намудааст ва корхонаҳои азиме мисли Талко ва заводи семент маҷбуранд барои идомаи тавлидоти худ, аз ангиштсанг газ истеҳсол кунанд. Барои бароварда кардани ниёзи як моҳаи корхонаи Талко ё алюминзавод, моҳона ба сӯхтани ҳадди аққал 8 ҳазор тонна ангишт зарурат аст.

Мутахассисон мегӯянд, аксари конҳои ангишти Тоҷикистон манобеи боз ҳастанд ва коркарди он мушкиле надорад, аммо роҳҳое, ки ба маҳалли ин конҳо мебарад, умдатан харобу валангор ва таъмиртабал мебошанд.

Зимни баррасии ин тарҳ Сӯҳроб Шарифов, вакили МН аз фаъолияти вазорати энержӣ ва саноат интиқод кардааст.
Ӯ хитоб ба вазир гуфтааст, ки чаро дар тӯли даҳ соли ахир ягон нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ, аз ҷумла чаро қарордоди Тоҷикистон ва Чин дар бораи сохтани нерӯгоҳи ҳароратии 270 мвт иҷро нашудааст. Вазири энержӣ дар посух гуфтааст, ки бунёди ин нерӯгоҳ дар зудтарин фурсат оғоз хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG