Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари якрӯзаи Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ба Тоҷикистон бидуни огаҳӣ ва омодагиҳои қаблӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Як корманди масъули Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон гуфт, омодагиҳо барои қабули ӯ он гуна, ки мебоист, сурат нагирифтанд, аз ҷумла онҳо имкон пайдо накарданд, ки пайравони ӯро дар Бадахшон огоҳ кунанд. Ба қавли ӯ, акнун дидори Шоҳзода Карим Оғохони 4 танҳо ба исмоилиёни муқими Душанбе муяссар мешавад.

Шоҳзода Оғохони 4, ки мустақим аз фурудгоҳи Душанбе ба Кохи "Миллат", мақарри мулоқотҳои баланпояи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рафт, пас аз мулоқоти тақрибан яксоата ба хабарнигорон сафари ғайримунтазираи худро ба сабти ном шудани Маркази исмоилиён дар Тоҷикистон рабт дод. Вай гуфт, ин қарори ҳукумати Тоҷикистон барои мо хеле муҳим буд: «Ин сабти ном ба ин маъност, ки акнун Маркази исмоилӣ дар Тоҷикистон метавонад дар чаҳорчӯбаи қавонини худ кор кунад, тавре дигар марокизи исмоилӣ дар саросари ҷаҳон фаъолият доранд.»

Дар ҳамин ҳол, манобеъи наздик ба ҳукумат сафари бидуни нақшаи сарвари исмоилиёни ҷаҳонро ба таҳаввулоти ахир дар сиёсатҳои минтақа, бавижа шурӯъи фишорҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон ва Русия рабт медиҳанд. Худи Оғохони 4 дар ин бора ишорае ҳам кард: «Он чӣ ба мулоқот бо ҷаноби раисҷумҳур рабт дорад, мо вазъи минтақаро таҳлил кардем ва қисмате аз сӯҳбатамонро ба масъалаҳои зерсохторҳои миллии иқтисоди Тоҷикистон бахшидем. Зеро ҳар кишвар ҷузъе аз равандҳои ҳамгироии минтақавист ва ин ки ин кишвар бояд фаъол бошад, хеле муҳим аст.»

Бунёди Оғохон, яке аз сохторҳои хориҷист, ки шурӯъ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то ба имрӯз дар Тоҷикистон фаъолияти густарда дорад ва тарҳҳои зиёдеро, аз қабили чаҳор пул рӯи рӯдхонаи Панҷ миёни Тоҷиикистон ва Афғонистон, сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори "Серена" дар Душанбе, амалӣ кардааст. Ҳоло сохтмони як пули дигар дар рӯдхонаи Панҷ ва барномаи «Помир-1» барои истеҳсол ва интиқоли барқ ба Бадахшони Афғонистонро амалӣ мекунад.

Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон Бунёди Оғохонро аз ҳамкорони боэътимоди худ медонад ва Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

кӯшишҳои ин бунёд барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷануб, қабл аз ҳама Афғонистон барномаи рӯшани ин бунёд аст.

Як манбаъи наздик ба ҳукумат гуфт, ба эҳтимоли қавӣ, дар шароити муҳосираи афзояндаи иқтисодӣ, Душанбе мусоидати Оғохони 4 ва бунёди ӯро дар тарҳҳои нақлиётиву энержӣ ба ҷануб, аз ҷумла эҳдоси лӯлаи газ ва хати барқ аз Туркманистон, интиқоли нафти Эрон ва ҳам сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа- Ҳирот -Машҳад муҳим мешуморанд.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист мегӯяд, Бунёди Оғохон метавонад кафили сармоягузориҳои хориҷӣ ба тарҳҳо дар Тоҷикистон шавад: «Бунёди Оғохон метавонад мустақиман кӯмак расонад, аммо ниҳоду бонкҳои байнулмилалие ҳастанд, ки бо ишораи мусбати ин бонк сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо минтақаро намедонанд, намехоҳанд фиреб хӯранд ва бо тавсия ва кафолати Бунёд метавонанд ба тарҳҳо сармоягузорӣ кунанд.»

Ва ҳам Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад обрӯи баланди имоми исмоилиёнро барои ҳалли мухолифатҳо бо Русиву Узбакистон истифода кунад: «Аз ӯ мехоҳанд, ки миёнҷигарӣ кунад миёни Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик

Душанбе ва Тошканду Маскав. Дар гузашта Оғохон бо Владимир Путин ҳам мулоқот дошт. Онҳо муносибати хуб доранд.»

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба ин нукта низ ишорат мекунанд, ки сабти номи расмии Маркази исмоилия ва ҳам сафари пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар марҳалае, ки фишорҳои Узбакистон сари Тоҷикистон меафзоянд, як гуна маҳор кардани таҳрикоти эҳтимолии мардуми Бадахшон ҳам буда метавонад. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, расонаҳои таҳти нуфузи Кремл ин қисмати Тоҷикистонро минҳайси «сутуни панҷум» муаррифӣ мекарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG