Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозия Иқбол дар андешаи бозгашт ба саҳна


Нозия Иқбол, овозхони паштутабори покистонӣ.

Нозия Иқбол, овозхони паштутабори покистонӣ.

Нозия Иқбол, овозхони маъруфи покистонӣ, ки дар моҳи январ бо эълони тасмимаш ба тарки саҳна ҳаводорони худро дилреш карда буд, ҳоло мегӯяд, ки ӯ таҳти фишор қарор дошт ва маҷбуран қатъи овозхонӣ кардааст.

Нозия, ки ҳамагӣ 32 сол дорад ва дар авҷи шӯҳрат қасди рафтанаш аз майдони ҳунарро эълон карда буд, мегӯяд, иллати аслии ин тасмим таҳдид алайҳи фарзандонаш буд ва ӯ акнун дар андешаи бозгашт ба саҳна аст.

Нозия Иқбол ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт: “Ман замони гирифтани ин таҳдидҳо дар Дубай будам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки ду писарамро рабудаанд. Онҳо маро маҷбур карданд, то эълон кунам, ки овозхониро бас мекунам. Ин буд сабаби он эълоне ки ман кардам.”

Аммо овозхон дар бораи он таҳдидҳо ҷузъиёти зиёде надодааст. Ба ҷуз ин, ки гӯё аз вай хостаанд, то қатъи овозхонӣ ва рафтанаш ба домани дину мазҳабро дар мазҳари омм эълон кунад. Нозия Иқбол рӯзи 21 январ дар консерташ дар Дубай эълон кард, ки ин охирин ҳунарнамоии ӯст ва мехоҳад аз ин ба баъд дар зодгоҳаш –Покистон мадрасаҳои мазҳабӣ бисозад. Аз саҳна рафтани ӯро ҳаводоронаш ҳатто як фоҷиаи миллӣ унвон мекарданд.

Нозия Иқбол зодаи водии ошӯбзадаи Свот буда, дар Дубай ба сар мебарад. Ӯ бештар дар байни паштуҳо маъруф аст, вале ба дариву урду ва панҷобӣ ҳам тарона мехонад. Нозия Иқбол гуфтааст, қасди бозгашт ба саҳнаи ҳунарро дорад, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё бори дигар кай барои овозхонӣ ба саҳна баланд хоҳад шуд.

Таъйиди мустақилонаи иддаои овозхон дар бораи гӯё рабуда шудани фарзандонаш ва шароити раҳоии онҳо ғайримумкин ба назар мерасад, вале яқин ин аст, ки овозхонӣ дар ҷомиаи мазҳабзадаи Покистон ба як касби хатарнок табдил ёфтааст. Ҳунарманди маъруф Аймон Удас 3 сол пеш дар Пешовар бо дасти бародарони худи ӯ кушта шуд. Овозхон ва раққосаи шинохта Шабонаро ҳамон сол ҷангиёни толиб дар Свот куштанд. Шоҳаншоҳбача дар соли 2010 тарки саҳна кард ва гуфт, дигар ҳамчун “як мӯъмин” ба сар хоҳад бурд. Шакило Ноз, Фарзона ва Фаридахон ҳарсе низ дар солҳои охир баъди издивоҷ аз идомаи ҳунарнамоӣ даст кашиданд.

Чунин намунаҳои тарки саҳна ба далоили мазҳабӣ дар ҷомиаи дар солҳои охир хеле мазҳабитаршудаи Тоҷикистон низ кам нест. Овозхони ҷавон Фарзонаи Файз, ки тоза маъруфият пайдо мекард, баъди издивоҷ аз саҳна рафт. Ҳотами Равшан чанд сол пеш тарки эстрада кард ва дигар фақат таронаҳои сӯфиёна мехонад. Маликаи Саид низ ду сол пеш баъди сафари Ҳаҷ сатр ба бар кард ва дар айни авҷи шӯҳраташ ба саҳна падруд гуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG