Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Афви байналмилалӣ ба раҳоии “Pussy Riot”


Афви байналмилалӣ аз Русия хост, то ҳарсе овозхони гурӯҳи “Pussy Riot”-ро раҳо кунад. Мария Алёхина, Надежда Толоконникова ва Екатерина Самусевич дар пайи сурудхонии худсаронаи рӯзи 21 феврал дар калисои Исои наҷотбахш дар рӯбарӯи Кремл боздошт шуданд. Ин тарона аз ҳимояти калисои православӣ аз номзадии сарвазир Владимир Путин интиқод мекард. Аммо боздоштшудагон ширкати худ дар “ҳамла” ба калисои воқеъ дар маркази Маскавро радд мекунанд. Афви байналмилалӣ гуфтааст, 7 соли зиндон, ки ба ин сегона таҳдид мекунад, муҷозоти мусодифе барои аъмоли онҳо нест.
XS
SM
MD
LG