Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус дар фикри сохтани нирӯгоҳи дувуми ҳастаист


Мулоқоти Аляксандр Лукашенка бо Юкия Амано
Мулоқоти Аляксандр Лукашенка бо Юкия Амано
Раисиҷумҳури Беларус гуфт, давлати ӯ мавзӯъи бунёди нирӯгоҳи дувуми ҳастаӣ дар ин кишварро баррасӣ мекунад. Аляксандр Лукашенка дирӯз дар мулоқот бо раиси Ожонси ҷаҳонии назорати нирӯи атомӣ Юкия Амано гуфт, Беларус дар сурати «ҳимоят ва ҳамкорӣ»-и ин Ожонс барои сохтани нирӯгоҳи дувуми ҳастаияш омода ҳаст. Ин нирӯгоҳ дар Астраветс, дар наздикии марз бо Литва, бояд ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ сохта мешуд, вале баъди фалокати ҳастаии Чернобил дар соли 1986 рӯи қоғаз монд. Таҳлилгарон мегӯянд, нирӯгоҳи дувум вобастагии Беларус аз воридоти энержии Русияро коҳиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG