Пайвандҳои дастрасӣ

Қатар дар Кобул сафорат мекушояд


Залмай Расул

Залмай Расул

Қатар ба хотири таҳкими равобит ва иҷрои нақши бузургтар дар раванди сулҳи Афғонистон дар Кобул сафорат боз хоҳад кард. Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки вазири хориҷаи Афғонистон Залмай Расул дирӯз дар Доҳа бо мақомоти Қатар музокирот дошт. Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Қатар Холид Оттия қасди музокирот бо тамоми ҷонибҳои низоъи Афғонистон, бо шумули давлат ва Толибонро таъйид кардааст.
Қатар чанд моҳ пеш ба ифтитоҳи дафтари сиёсии Толибон иҷозат дод. Аммо Толибон дар моҳи март дар пайи қатли 16 афғони мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ тамосҳо бо мақомоти амрикоиро дар Доҳа мутаваққиф кард. Ин гуфтугӯҳо масоиле, чун таҳвили толибҳои маҳбус аз Гуантанаморо фаро мегирифт.
XS
SM
MD
LG