Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия мегӯяд, ба хуруҷи нирӯҳо оғоз кардааст


Куфӣ Аннон

Куфӣ Аннон

Давлати Сурия иддао кардааст, ки ба хуруҷи нирӯҳояш аз нуқоти ором шурӯъ кардааст. Ин иқдом, ки бахше аз тарҳи Куфӣ Аннон барои хатми хушунатҳо дар ин кишвари арабист, бояд то 10 апрел анҷом шавад. Аммо мухолифин мегӯянд, ки нирӯҳои давлатӣ дирӯз ба хотири саркӯбии мухолифонаш то поёни ин зарбулаҷал мизони ҳамалоти худро афзоиш додаанд. Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ҳанӯз ягон шаҳодате нест, ки хуруҷи нирӯҳои Сурияро таъйид кунад.Интизор меравад, як ҳайъати пешакии СММ ба хотири баҳси масъалаи истиқрори нозирони оташбас рӯзи панҷшанбе вориди Димишқ шавад. Тарҳи Аннон истиқрори то 250 нозир дар Сурияро низ дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG