Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди "инқилоби лолаҳо"-и Қирғизистон


Имрӯз, 4 апрел, дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат қаҳрамони футболи Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе бо барандаи Ҷоми порсола “Регар-ТадАЗ” барои Ҷоми ҷомҳо вориди рақобат хоҳад шуд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз аз Боку озими Қирғизистон хоҳад шуд. 4 апрел дар тақвим Рӯзи байналмилалии огаҳӣ аз минаҳост. 4 апрели соли 1949 паймони низомии НАТО таъсис ёфт. 4 апрели соли 1968 ҳомии ҳуқуқи сиёҳпӯстони Амрико Мартин Лютер Кинг ва соли 1979 дар ҳамин рӯз сарвазири Покистон Зулфиқор Алӣ Бҳутто кушта шуданд. 4 апрели соли 2005 раҳбари вақти Қирғизистон Аскар Оқоев дар натиҷаи “инқилоби лолаҳо” баъди 15 соли раёсат истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG