Пайвандҳои дастрасӣ

«Ҷудоии Нодир аз Симин»-ро дар Душанбе намоиш медиҳанд


Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки филми машҳури коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ «Ҷудоии Нодир аз Симин»,барандаи ҷоизаи Оскар ва ҷаҳор ҷоизаи ҷашнвораи синамои Осиё дар соли ҷориро, рӯзи шанбеи 7 апрел дар толори Иттиҳодияи Синамогарон барои синамогарон, аҳли зиё ва рушанфикрон ба намоиш мегузоранд. Ба гуфтаи Сафар Ҳақдод-раиси Иттиҳодияи Синмаогарони Тоҷикистон, ҳадаф аз нашри филм он аст, ки бинанда ва синмогарон ба ҳунари филмсозии ҳамтоҳои эронии худ ошно шаванд ва аз он баҳраи ҳирфаӣ бардоранд.
XS
SM
MD
LG