Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон интиқоли гази Афғонистонро баррсӣ кард


Зуҳур Зуҳуров-раиси собиқи кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва маъодини Тоҷикистон дар замони шӯравӣ, дар суҳбат бо «Озодӣ» роҳи ҳалли мушкили газ барои корхонаҳои Тоҷикистон дар кутоҳмуддатро эҳёи хатти газ аз Шибирғон ба ҷануби Тоҷикистон унвон кард. Ба гуфтаи ин коршинос, газе, ки корхонаҳои Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ истифода мебруд, гази Шибирғони Афғонистон буд, ки аз тариқи лулаҳо ба ҷануби Тоҷикистон интиқол мешуд.

Дар замони Шӯравӣ гази Шибирғони Афғонистон тавассути Туркманистон ба Узбакистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол мешуд. Оқои Зуҳуров мегӯяд бо дигар кардани масири хати лула ва кашидани каме бештар аз 100 километр лулаи газ дар қаламрави Афғонистон метавон ин лулаи газро ба марзи ҷанубии Тоҷикистон овард ва аз он ҷо ба корхонаҳои марказ ва аслии Тоҷикистон васл кард.

Аммо ин коршинос мегуяд, ки ҳануз маълум нест , ки кони Шибирғон фаъол аст ё не. Ба қавли ӯ, дар сурати фаъол набудан, ҳоли ҳозир лулаи газ аз Туркаманистон то Шибирғон вуҷуд дорад ва чун Туркманистон ҳозир аст, ки ба Тоҷикистон газ интиқол диҳад, бо ҳамин роҳ мешавад мушкили гази Тоҷикистон дар шароити кутоҳмуддатро ҳал кард.
XS
SM
MD
LG