Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиби "Ал-Қоида" дар Яман


Бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Яман дар ҷануби ин кишвар тақрибан 40 ҷангҷӯи гумонбар ба узвият дар "Ал-Қоида" кушта шудаанд.

Ба иттилои низомиёни баландпоя, минтақаи кӯҳии Ал-Раҳҳӣ, воқеъ дар минтақаи ҷанубии Лаҳҷ, ки тайи се рӯз ҳадафи бомборон қарор дошт, ахиран таҳти назорати артиш қарор гирифт. Манотиқи ҷануби Яман тайи як моҳи ахир ба саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ба созмони "Ал-Қоида" табдил шудааст.

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, бо истифода аз бенизомиҳо дар Яман, ки мунҷар ба истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ шуд, "Ал-Қоида" мавқеи худро дар ҷануби кишвар, аз ҷумла дар атрофи шаҳри Зинҷибар, мустаҳкам кард.

Маҳз ба ҳамин хотир Абдраббу Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури нави Яман, баробари ишғоли мансаб эълом дошт, ки ҳукумат ба мубориза бо "Ал-Қоида" ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ авлавият медиҳад.

Чанд рӯз пеш дар ҳамлаи муштараки нерӯҳои ҳукуматӣ ва низомиёни амрикоӣ ба як пойгоҳи “Ал-Қоида” дар наздикии Зинҷибар ба камияш 29 тан аз ҷангҷӯён кушта шудаанд. Шабакаи телевизионии "Ал-Арабия" хабар додааст, ки дар задухӯрди дигар дар вилояти ҷанубу шарқии Ҳадрамавти Яман панҷ ситезаҷӯ ба ҳалокат расиданд.

“Ал-Қоида” охири моҳи гузашта эълом дошт, ки омӯзгори амрикоӣ Ҷоел Шрумро барои таблиғи насроният ба қатл расондааст.
XS
SM
MD
LG