Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба пулиси Афғонистон 6 нафар кушта шуд


Толибони Афғонистон иддао кардаанд, ки дар яке аз посгоҳҳои пулис дар наздикии Ҳилманд онҳо 6 нафарро куштаанд. 4 нафари онҳо кормандони пулис ва 2 нафар ғайринизомиён будаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ин ҳодиса 2 апрел дар вулусволии Наҳри Сарраҷ рух додааст. Аҳмад Набӣ Илҳом-раиси пулиси Ҳилманд мегӯяд, 3 нафар кормандони пулис бедарак шудаанд ва ба эҳтимоли зиёд онҳо дар ин куштор даст доранд. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ-сухангӯи Толибон мегӯяд, онҳо масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда мегиранд.
XS
SM
MD
LG