Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин узви сулолаи туркҳои усмонӣ даргузашт


Фотима Наслишоҳ Султон бузургсолтарин узви сулолаи туркҳои усмонӣ дар синни 91 солагӣ рӯзи душанбе дар Истамбул даргузашт. Хонум Наслишоҳ Султон набераи Меҳмеди 6–охирин султони туркҳои усмонӣ буд. Наслишоҳ соли 1922 дар охирин солҳои ҳукмронии сулолаи туркҳои усмонӣ ба дунё омад. Баъд аз хатми Ҷанги Ҷаҳонии якум ҳукмронии ин сулола ба поён расид ва Мустафо Камол бо лақаби Отатурк аз сари кор омадани давлати нави дунявӣ дар Туркия ва поёни ҳукмронии сулолаи усмониён хабар дод. Баъд аз даргузашти Эртуғрул Усмон Усмонуғлу-охирин довталаби маснади туркҳои усмонӣ дар соли 2009 Фотима Наслишоҳ унвони ифтихории “кӯҳансолтарин узви сулола”-ро соҳиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG