Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 4-уми апрел дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, баргузор мешавад.

Ин бозӣ соати 14 оғоз меёбад. Раҳмон Муртазоев, беҳтарин довари футболи Тоҷикистон дар соли 2011-ум, сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ Сафармаҳмад Шоймардонов ва Исматулло Мӯъминов (ҳарду аз ноҳияи Хуросон) кӯмак мекунанд.

Диловар Орзуев (Ҳисор) довари эҳтиётӣ мебошад. Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти ФФТ, комиссари бозӣ ва Абдураҳим Бобоев, сардори департаменти доварону нозирони ФФТ, нозири доварон таъйин шудаанд.

Ҷоми олӣ аз як бозӣ иборат аст. Агар замони асосӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, замони изофӣ – 2 қисми 15-дақиқагӣ таъин мешавад. Агар замони изофӣ ҳам ғолибро муайян насозад, он гоҳ дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян хоҳад шуд.

Ин мусобиқа барои бори севум сурат мегирад. Тими “Истиқол” ду бор Ҷоми олиро ба даст овардааст. Соли 2010-ум дастаи “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар тими “Вахш” дар замони изофӣ бо ҳисоби 2:0 ва порсол дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд.

Бояд гуфт, ки се голи “Истиқол”-ро дар ҳарду бозӣ нимҳимоятгар Дилшод Восиев дар замони изофӣ ба самар расондааст.
XS
SM
MD
LG