Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯхтори Маскав осеб надиданд


Вазорати хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар сӯхтори Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон қурбон нашуданд.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ гуфт, ба дунболи шиносоии панҷ ҷасади боқимонда мушаххас шуд, ки қурбониёни сӯхтор дар бозори маводи сохтмонии Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд.

Ҳуввияти 12 қурбонӣ мушаххас шудааст. Гуфта мешавад, ки онҳо тоҷиктаборони вилояти Сурхандарёи Узбакистон буданд.

Қаблан мақомоти Русия гуфтанд, ки дар оташсӯзии субҳи 3-юми апрел дар хобгоҳи муҳоҷирон дар бозори масолеҳи бинокории Маскав ба камияш 17 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи онҳо, аксари қурбониён муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказиянд.

Юлия Аносова, сухангӯи Идораи пулис дар минтақаи ҷанубу ғарби Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба иллати он ки асноди ҳалокшудагон низ сӯхтааст, онҳо таҳқиқ доранд, ки киҳо ва дар кадом шароит дар он ҷо ба сар мебурданд. "Зеро он ҷо анбор аст ва барои зиндагӣ пешбинӣ нашудааст",-мегӯяд ӯ. Ба таъкиди Аносова, ҳоло роҳбари ин анбор низ дар ҷустуҷӯст.

Матбуоти Русия менависад, ба эҳтимоли зиёд қурбониёни ин оташсӯзӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки дар ин ҷо кору зиндагӣ мекарданд. Вале Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади 12 нафар аз ҳалокшудагони сӯхтори бозори Качалово шиносоӣ шуда ва маълум гардидааст, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд.



Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин ҷараёнро зери назар доранд ва бо муҳоҷироне, ки афроди кушташуда дар ин сӯхторро мешиносанд, сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли мақомоти Русия, барои мушаххас кардани ҳувияти теъдоде аз ҳалокшудагон ташхиси тибби-судӣ зарур аст. Зеро дар ин сӯхтор ҷисми кушташудагон сахт осеб дида, ғайри қобили шиносоӣ шудааст.

Каромат Шарифов

Каромат Шарифов

Каромат Шарифов, раиси ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, мегӯяд, шумораи кушташудагон дар сӯхтори бозори Качалово мумкин аст ба 20 нафар бирасад. Зеро ба қавли Шарифов, ба ҷуз аз кормандони ин бозор дар он ҷо ҳамчунин одамони бесарпаноҳ дар ивази маблағе шабро рӯз мекарданд. Соҳиби анбор соати 8-и бегоҳ дарвозаи анборро баста, субҳ аз “муштариёнаш” ҳаққи “хобгоҳ”-ро гирифта ва онҳоро ба баромадан иҷоза медодааст. Ҳоло соҳиби анбор фирор карда ва мақомот ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба гуфтаи Шарифов, бо назардошти ин кор мумкин аст шумораи одамони талафёфта бештар бошад.

Бахши русии Радиои Озодӣ низ мегӯяд, муҳоҷирон дар бинои вагонмонанди оҳанӣ ба сар бурда, роҳи мустақим ба кӯча надоштаанд. Роҳи онҳо ба берун аз шипанги оҳание мегузашт, ки оташ гирифта буд. Сӯхторнишонҳо маҷбур шудаанд, ки деворҳои оҳаниро бурида, барои хомӯш кардани сӯхтор ва берун овардани ҷасади ҳалокшудагон роҳ кушоянд.

Саид Боев, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, гуфт, чанд муҳоҷири тоҷик аз ин сӯхтор ҷони солим бадар оварда ҳоло мавриди пурсуҷӯи мақомоти интизомӣ қарор доранд. Ба иттилои Боев, дар ин хобгоҳ бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон зиндагӣ доштаанд. Худи Боев иҷоза дарёфт накардааст, ки вориди маҳалли сӯхтор бишавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG