Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи Осиё


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (то 22-сола) моҳҳои июн - июли соли равон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи "С" бо тимҳои Баҳрайн, Эрон, Кувайт, Молдив ва Қатар рақобат хоҳад кард.

Сабқати интихобӣ аз 23-юми июн то 3-юми июли соли ҷорӣ баргузор мешавад. Вале макони баргузории мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст.

Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) мӯҳлати баргузории марҳилаи ниҳоии мусобиқаро тағйир дод. Ҳамин тариқ, мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-22) на соли 2013-ум, балки соли 2014-ум (11 – 26 январ)доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-22). Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи “С”.
Ширкаткунандагон: Баҳрайн, Эрон, Кувайт, Молдив, Қатар, Тоҷикистон.

Даври 1-ум
23-юми июн


Тоҷикистон – Баҳрайн
Қатар – Молдив
Эрон – Кувайт

Даври 2-юм
25-уми июн


Баҳрайн – Кувайт
Эрон – Қатар
Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм
28-уми июн


Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн


Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл


Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон
XS
SM
MD
LG