Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи номзади ҷумҳурихоҳон дар 3 аёлат


Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ
Имрӯз боз дар 3 аёлати Амрико интихоботи муқаддамотии номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ доир мешавад. Сабқатҳои имрӯза дар Висконсину Мериленд ва Вошингтон хоҳанд гузашт. Феълан шонси бештари касби мақоми рақиби Барак Обама дар моҳи ноябрро Митт Ромнӣ дорад. Рақиби асосии ӯ Рик Санторум дигар хеле ақиб мондааст. Ин аст ки Ромнӣ акнун ҳарчӣ бештар худи Обамаро мухотаби аслии интиқодҳои худ қарор медиҳад.
XS
SM
MD
LG