Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймое ки дирӯз дар Тюмен суқут кард, зоҳиран аз ях хуб поккорӣ нашуда буд. Александр Нерадко, раиси Росавиатсия аммо гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ҳамин хунукназарӣ иллати сониҳаи ҳавопаймо шудааст ё чизи дигар. Тафтишот то ҳол иллатҳои фанниро фарзияи асосӣ медонад. Дар сониҳаи дирӯзаи ҳавопаймои ATR-72 дар наздикии шаҳри Тюмен 31 нафар ҳалок шуда, 12 тани дигар аз сарнишинонашро бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон бурдаанд.
XS
SM
MD
LG