Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои ҳамсари И.Бачаҷонов аз давлат


Ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, ки соли гузашта бар асари латукӯб дар боздоштгоҳ даргузашт, аз давлати Тоҷикистон барои марги таъмингари хонаводаашон 655 000 сомонӣ ҷуброни молӣ мехоҳад. Абдураҳмон Шарифов, вакили Савринисо Гулова ба “Азия Плюс” гуфт, онҳо бо чунин даъво ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат кардаанд. Бачаҷонови 32-сола 3 сол пеш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда, соли гузашта дар боздоштгоҳ ҳалок шуд. Дар поёни соли гузашта бо ҷурми даст доштан дар ин ҷиноят 3 зиндонбон ба мӯҳлати аз 3 то 8 сол маҳкум шуданд.
XS
SM
MD
LG