Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

90 сол қабл Сталин ба қудрат расид


Иосиф Сталин бо адиби рус Максим Горкий
Иосиф Сталин бо адиби рус Максим Горкий
Имрӯз, 3 апрел, рӯзи дувум ва ниҳоии боздиди вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Арманистон аст ва ӯ аз инҷо барои ду рӯз ба Озарбойҷон меравад. Имрӯз сарвазири Украина Микола Азаров низ бо як сафари дурӯза вориди Боку хоҳад шуд. Имрӯз садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз Ҷумҳурии Чех дидан мекунад. Имрӯз дар Пномпен нишасти дурӯзаи сарони ASEAN –Иттиҳоди кишварҳои Осиё ва Уқёнусия оғоз ба кор мекунад. Ва 90 сол қабл дар ҳамин рӯз, яъне 3 апрели соли 1922 Иосиф Сталин дабири кулли Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин шуд. Даҳҳо миллион қурбонии “террори сталинӣ” ва гуруснагии он солҳо ва дар айни замон пирӯзии СССР дар ҷанг бо Олмони фашистӣ – чунин аст натоиҷи асосии 31 соли ҳукмронии Сталин бар “шашяки рӯи замин.”
XS
SM
MD
LG