Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои сиёсӣ. Кӣ доро ва кӣ бечораҳол?


Мизи гирди аҳзоби сиёсӣ (акс аз бойгонӣ).

Мизи гирди аҳзоби сиёсӣ (акс аз бойгонӣ).

Коршиносон мегӯянд, гузориши молии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба вазорати адлия баёнгари "вазн"-у тавони онҳост.

Ҳар сол дар оғози моҳи апрел ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз вазъи молии худ ҳам ба ниҳодҳои расмӣ ва ҳам ба матбуоти кишвар гузориш медиҳанд. Як нигоҳ ба ин гузоришҳо кофист, то бубинед, ки сарватманд кисту тиҳиҷайб кадомӣ.

Агар Ҳизби ҳокими халқӣ- демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз миллионҳо сомонӣ сармояи худ сӯҳбат кунад, ҳизби ба истилоҳ бонуфузи дигари кишвар Наҳзати Исломӣ (ҲНИТ) вазъи молии худро ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ нишон медиҳад.

Дар ҳоле ки ҳизбҳои мухолиф рақиби худ ҲХДТ-ро дар истифода аз дороиҳои давлатӣ муттаҳам мекунанд, Усмон Солеҳ, намояндаи ин ҳизб мегӯяд, онҳо аз ҷайби давлат "як танга" ҳам намегиранд. "Манбаи аслии даромади ҳизби мо фурӯши нашрияи "Минбари халқ" ва он ҳам аз ҳисоби обуна аст. Ҳаққи узвияти ҳизбро мо изофа намекунем, зеро онро барои маоши бахшҳои ҳизб дар шаҳру навоҳӣ сарф мекунем. Мо ягон манбаи дигар надорем",-таъкид кард ӯ.

Ҳикматулло Сайфуллозода

Ҳикматулло Сайфуллозода

Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар гузориши худ се манбаи аслии даромади молияшро нишон додааст. Агар яке аз даромадҳои ин ҳизб фаъолияти хайрия ба шумор ояд, манбаи дигар "ҳаққи аъзогӣ" буда ва севум аз фурӯши нашрияи ҳизбии "Наҷот" мебошад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот" дар робита ба ин гуфт: "Агар аъзогӣ, хайрия ва фурӯши нашрияро ба ҳисоб гирем, ҷамъи моли ҳизби мо 212 ҳазору 759 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳамин миқдори маблағ барои пардохтҳои дигар, барои бунёди ҳифзи иҷтимоӣ андозу телефонпулию дигар сарф карда мешавад."

Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲУСДТ) ин гузориши худро дар саҳифаи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" ба нашр расонида нишон медиҳад, ки манобеи аслии молии он дар заминаи маблағгузории ихтиёрии шаҳрвандон ва хазматрасониҳои қарордодии ҳуқуқӣ буда, ҷамъан 57 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Коршиноси тоҷик Ёқуби Саидзод мегӯяд, ҳарчанд баъзе ҳизбҳои сиёсӣ манобеи даромади пулии худро пинҳон медоранд, вале бар пояи гузоришҳои расмии онҳо низ рӯшан аст, ки кадом ҳизб чӣ нуфуз ва чӣ таъсире дар ҷомеа дорад: "Дуруст аст, ки ҳоло Ҳизби халқӣ -демократӣ сармоя бештар дорад ва ин ки мегӯяд миллионҳо Ёқуби Сайидзод

Ёқуби Сайидзод

сомонӣ дорам, бовар мекунам. Онҳо иҷборӣ мардумро ба рӯзномаашон обуна мекунанд ва аксари сокинонро дар ноҳияву вилоятҳо, хусусан мансабдорҳоро шомили ҳизб мекунанд ва аз ҳамаи фишангҳо истифода мекунанд. Ман дар бинои идораи ҲНИТ, ҲКТ ва ҲУСДТ будам, бисёр ҳолати танг доранд. Ҳоло сармоя вазъи ҳизбро худ баён мекунанд."

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИТ дар порлумон мегӯяд, онҳо чандон ба маблағ такя намекунанд, балки такя ба пуштибонии иҷтимоии мардум доранд. Ӯ гуфт, ҳизб барои даромади пулӣ аз ҳар роҳе истифода мекунад. Масалан, ҲНИТ дар маҳаллаҳо мағозаҳои фурӯш дорад, ки аз аъзои ҳизб тақозо мекунанд, танҳо аз ҳамин дӯконҳо харидорӣ намоянд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), ки нашрияи худро надорад ва на такя ба фаъолиятҳои хайрия мекунад, ба қавли раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов танҳо аз ҳисоби ҳаққи узвият 42 ҳазор сомонӣ дар буҷааш дорад. Ҷаноби шабдолов афзуд, ҳамин гузоришро ба вазорати адлия пешниҳод кардааст.

Чаҳор ҳизби дигар, Ҳизби демократ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ гуфтанд, ки гузоришҳои худро оид ба вазъи молии ҳизб ба вазорати адлия пешниҳод кардаанд, аммо ҳанӯз дар матбуот ба нашр нарасонидаанд. Онҳо аз шарҳи сармояи ҳизб ва манобеи даромади худ худдорӣ намуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG