Пайвандҳои дастрасӣ

Сан Су Ҷӣ ба порлумони Мнямар роҳ ёфт


Аунг Сан Су Ҷӣ, пешвои нерӯҳои хоҳони демократия, дар Мянмар баъди пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи миёндавраӣ, гуфт, дар Мянмар “давраи наве” оғоз шуд. Худи Аун Сан Су Ҷӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, ки артиши ҳоким дар Мянмар ӯро барои 22 сол дар зиндон нигаҳ дошт, соҳиби курсӣ дар порлумон шуд. Ҳизби Лигаи Миллии Демократия дар интихоботи миёндавраӣ аз ҳисоби 45 курсӣ 44 курсиро аз они худ кард. Ин ҳизб соли 1990 дар интихобот пирӯз шуда буд, аммо низомиёни ҳоким дар Мянмар онро ба қудрат роҳ надоданд ва бештар аз ду даҳсола дар ин кишвар ҳукмронӣ карда ва соли гузашта қудтаро ба дасти ҳукумати ғайринизомӣ супурданд.
XS
SM
MD
LG